Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи мулоқоти Обама бо Аббос маълум шуд


Раҳбари ҳайъати музокиротии ташкилоти худгардони Фаластин Соиб Урайқот гуфт, мулоқоти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос рӯзи 28 май дар Вошингтон доир хоҳад шуд. Обама рӯзи сешанбе раҳбарони Исроилу Миср ва ташкилоти худгардони Фаластинро ба хотири музокироти ҷудогонаи масоили сулҳи Ховари Миёна ба Кохи Сафед даъват кард. Обама гуфт, умедвор аст, ҳусни нияти ҳарду ҷониби исроилӣ ва фаластинӣ ба хотири эъмори талошҳо барои расидан ба сулҳ дар минтақаро бубинад. Обама аз таъсиси давлати мустақили фаластиниҳо, ки бо Исроил дар сулҳу салоҳ ба сар барад, пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG