Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон барои гуфтугӯи "созанда" омода ҳаст


Эрон имрӯз гуфт, аз гуфтугӯи “созанда” бо қудратҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаияш истиқбол мекунад, вале ба идомаи фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаияш исрор хоҳад варзид. Баёнияи расмие, ки тавассути телевизиони давлатии Эрон қироат шуд, посух ба даъвати 6 қудрати ҷаҳонӣ, бо шумули Амрико буд, ки хостори ширкати мустақими Эрон дар музокироти барномаҳои ҳастаии он кишвар шуданд. Амрикову муттаҳидини ғарбиаш бар ин боваранд, ки ҳадафи Эрон сохтани силоҳҳои ҳастаист. Аммо Эрон ин иддаоро ҳамеша башиддат радд мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG