Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони Свот акнун вориди Бунер шуданд


Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ҷангиёни толиб дар роҳҳо ва нуқоти муҳими ноҳияи бо водии Свот ҳамҷавори Бунер низ посгоҳҳои худро гузошта, бо вуҷуди қарордоди сулҳ бо давлат мехоҳанд қаламрави таҳти назорати худро густариш диҳанд. Дар авоили моҳи равон раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ қарордоди сулҳ бо ҷангиёни Свотро, ки татбиқи қонунҳои шариъат дар ин водиро иҷозат медиҳад, тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG