Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи додгоҳи аъзои Ҷиҳоди исломӣ дар Олмон


Имрӯз дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон додгоҳи 4 нафари муттаҳам ба таҳияи ҳамалот алайҳи таъсисоти Амрико дар қаламрави Олмон оғоз ёфт. Ду шаҳрванди Олмон ва ду шаҳрванди Туркия ба узвият дар созмони террористӣ ва қасди куштор айбдор мешаванд. Мақомот онҳоро ба узвият дар гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ, як созмони кандашуда аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мекунанд. Пулис се тан аз муттаҳамонро моҳи сентябри соли 2007 дар Олмон боздошт кард. Муттаҳами охир ду моҳ баъд дар Туркия дастгир ва сипас ба Олмон мустарид шуд.
XS
SM
MD
LG