Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонӣ дар африқои ҷанубӣ


Имрӯз 23 миллион мардуми воҷиди шароити раъй 400 узви парлумони ҷадиди Ҷумҳурии Африқои ҷанубиро интихоб мекунанд. Натоиҷи назарсанҷӣ ҳокист, ки Конгресси миллии Африқо ин дафъа низ дар интихобот баранда хоҳад шуд, вале ин дафъа аҳзоби мухолиф майдонро барои ҳизби ҳоким хеле тангтар кардаанд. Аз соли 1994, ки ширкати сиёҳпӯстон дар интихоботҳои Африқои ҷанубӣ мумкин шуд, ҳамаи 4 интихоботи баргузоршударо Конгресси миллӣ бурдааст. Раҳбарии феълии ин ҷумҳурӣ низ намояндаи ҳамин ҳизб Ҷакоб Зума бар ӯҳда дорад. Аммо ҳайъати нави парлумон дар моҳи май раисиҷумҳури ҷадиди Африқои ҷанубиро интихоб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG