Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи сайёраи нави "қобили зист"


Мунаҷҷимоне, ки машғули таҳқиқи сайёраҳои монанд ба Замин мебошанд, мегӯянд, феълан рӯи сайёрае дар низоми хуршедӣ тамаркуз кардаанд, ки дар фосилаи 22 соли рӯшноӣ дуртар аз сайёраи мо давр мезанад. Мишел Майор, олими астрофизик аз донишгоҳи Женеваи Швейтсария, мегӯяд, ин сайёра “Глиз 581д” номгузорӣ шуда, дар минтақаи ба истилоҳ “қобили зист”-и низоми кайҳонии Либра қарор дорад ва эҳтимоли вуҷуди оби моеъ дар ин сайёра воқеъист. Дар хориҷ аз низоми Хуршед ҳудуди 350 сайёра кашф шудааст, вале дар ҳеҷ кадоми онҳо аломати ҳаётро то ҳол пайдо накардаанд.
XS
SM
MD
LG