Пайвандҳои дастрасӣ

IMF пешбиниаш нисбат ба Тоҷикистонро тағйир дод


Сандуқи байналмилалии пул пешбиниаш нисбат ба мизони рушди имсолаи иқтисоди Тоҷикистонро тақрибан 1 фоизи дигар пойин оварда, мегӯяд, мизони рушди иқтисод дар ин кишвари фақрзада дар соли равон то 2 дарсад хоҳад шуд. Дар моҳи феврал ин созмон мизони эҳтимолии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009-умро 3 дарсад баровард карда буд. Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул зимнан барномаи ҷадиди сесолаи қарз барои Тоҷикистонро тасвиб кард, ки ихтисоси 116 миллион доллар барои Душанберо дар назар дорад. Ин ниҳоди молӣ гуфтааст, Тоҷикистон метавонад 38 миллион доллар аз қарзи пешниҳодии Сандуқи пулро билофосила дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG