Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон истеъфои Ҳимматзодаро пазируфт


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аризаи истеъфои Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумонро пазируфт. Оқои Ҳимматзода ҳафтае пеш ба нишони эътироз ба коҳиш додани имтиёзҳои вакилиаш аз узвияти Маҷлиси намояндагон истеъфо дод. Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз соли 2000 ба ин сӯ тайи ду давра вакили парлумон буд, вале ба иллати беморӣ аз соли 2005 дар иҷлосияҳо ширкати мустақим надорад.
XS
SM
MD
LG