Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили доллар ба Тоҷикистон 30% коҳиш ёфтааст


Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, таҳвили пули муҷирони тоҷик бо доллари дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад коҳиш ёфта, аммо таҳвили рубли русӣ дар ин давра баръакс 1,7 дарсад афзудааст. Раиси Бонки миллӣ афзуд, муҳоҷирони тоҷик тайи се моҳи аввали сол ба ватан 7,8 миллиард рубл таҳвил додаанд. Бино ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, мардикорони тоҷик ҳамасола аз хориҷ ба ватан маблағи муодили 36 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро мефиристанд.
XS
SM
MD
LG