Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аризаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди истеъфоро пазируфт.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди як ариза ба порлумон навишта буд, ки мехоҳад, аз ваколаташ дар Маҷлиси намояндагон даст кашад.

Оқои Ҳимматзода тасмими қатъи ваколати худ дар порлумонро вокуниш ба иқдомоти раиси Маҷлиси намояндагон хонда буд, ки ҳама имтиёзоти вакилии ӯро лағв кардааст.

Дар аризаи Ҳимматзода ба порлумон омада буд:

"Ахиран, порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ва иттиҳодияҳои диниро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон мавқеъи хешро нисбат ба баъзе аз нуқсонҳои мавҷуда дар қонуни мазкур дар матбуот навиштам, зеро инро масъулияти динӣ ва ҳизбии ман тақозо мекард. Чӣ гуна ман ба унвони як шаҳрванди кишвар дар нисбат ба қонуне ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хомӯш бинишинам, дар ҳоле, ки аз он тарафи уқёнус нисбат ба нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирози худро баланд карданд? Оё ман ҳамчун вакил ин ҳақро надорам, ки фикри худро дар ин мавзӯъ баён созам?

Нашри он мақола боиси нороҳатии раиси маҷлис ва дигар намояндагони мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси маҷлис дастур содир намуд, то имтиёзҳои бандаро маҳдуд созанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки омада буд дар матни аризаи оқои Ҳимматзода, қаблан, чаҳор маротиба бемории худро сабаб пеш оварда, хостори истеъфо аз ваколат дар порлумон шуда буд, аммо маҳз ҳамин раиси порлумон буд, ки бо мулоҳизоте ва махсусан бемори бистарӣ будани ӯро пеши рӯ оварда, ӯро аз ин кор бозмедорад.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили ҲНИТ дар порлумони Тоҷикистон дар нахустин анҷумани баъди даргузашти муассиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ин ҳизб баргузида шуд. То замони ҷангҳои дохилӣ ӯ раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи мухолифин бо ҳукумат ӯ чанд муддат сафир оид ба супоришҳои махсуси давлати Тоҷикистон буд. Дар интихоботи соли 2000 ва 2005-уми Маҷлиси намояндагон аз феҳристи ҳизбӣ вориди порлумон шудааст. Аммо аз соли 2005 ба сабаби беморӣ наметавонист дар ҷаласоти Маҷлиси намояндагон ба таври мустақим ҳузур дошта бошад.

Ҳамакнун, мувофиқи феҳраси интихоботии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дар порлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро иваз кунад.
XS
SM
MD
LG