Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Эрон гуфтаанд, бояд ба парвандаи журналисти эронию амрикоӣ, Роксана Собирӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Додгоҳ Собириро рӯзи шанбеи 18-уми апрел ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард. Аммо вакили дифои Собирӣ гуфтааст, бознигарии ин ҳукмро талаб хоҳад кард.

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, рӯзи душанбе аз мақомоти Эрон даъват кард, Собириро, ки ҳамзамон шаҳрванди Амрико ва Эрон аст, фавран озод кунанд. "Вай аз муҳокимае гузашт, ки ношаффоф, пешгӯинашаванда ва мустабидона буд, " гуфт Клинтон ба хабарнигорон дар Вашингтон.

Ин такрори даъвати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, буд, ки рӯзи якшанбе раҳоии Собириро талаб кард, Обама гуфт, аз вазъи Собирӣ нигарон аст ва мӯътақид аст, ки Собирӣ дар ҳеҷ гуна ҷосусие даст надорад.

Иттиҳоди Аврупо, ки аз шарикони муҳими тиҷоратии Эрон аст, дар изҳороте эълом дошт, ки муҳокимаи додгоҳро ҷавобгӯи меъёрҳои додварии одилона ва шаффоф намешуморад. Иттиҳоди Аврупо низ озодии Собириро талаб кард.

Ба даъватҳои пайиҳами ғарбӣ аз Теҳрон як посухи кӯтоҳ садо дод. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Ҳасани Қашқавӣ гуфт: "Меъёри байнулмилалӣ ин аст, ки ҳукми додгоҳ бояд эҳтиром шавад ва мо аз ҳамаи кишварҳои ҳамин эҳтиром ба додгоҳро чашмдорем."

Вале аломати ин ҳам ҳаст, ки ҳукумати Эрон дар сатҳи олӣ низ ба парванда таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Прeзидент Маҳмуди Аҳмадинажод, рӯзи якшанбе аз додситони кулли Теҳрон даъват кард, ки Собирӣ аз тамоми ҳуқуқи дифоъи худ бархӯрдор бошад.

Раиси низоми додгустарии Эрон, Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ дар дастуре ба мақомоти додгоҳ аз онҳо хост "ҷанбаъҳои мухталифи парванда дар марҳилаи бознигарӣ бо эҳтиёт, зуд ва одилона" баррасӣ шаванд."

Ҳадаф аз ин талошҳо мунҳариф кардани интиқод аз шеваи муҳокимаи Собирӣ буд. Хабарнигори озод, ки барои Радиои Ҷамъиятии Амрико ва Би-Би-Сӣ гузориш медод, аввал бо иттиҳоми харидани машруб дар сиюми январи соли равон боздошт шуд. Сипас дар шаҳри сабаби ҳабси ӯ гуфта шуд, бидуни иҷозатнома бо фаъолияти хабарнигорӣ машғул будааст.

Сипас, 8-уми апрел, чанд рӯз пеш аз муҳокимааш дар 14-уми апрел, Собириро дар ҷосусӣ ба манфиати Амрико айбдор карданд ва ба вакили ӯ низ нусхаи иттиҳомро танҳо пеш аз муҳокима расонданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, муҳокима бо шитобзадагӣ, дар паси дарҳои баста ва бе имконияти омодагии вакили мудофеъ ҷараён ёфтааст. Ҷо Сток, намояндаи ин созмон мегӯяд, шеваи муҳокима ҳатто барои низоми ноқиси адлияи Эрон низ як падидаи нақизамонанд аст.

Дар ин байн кормандони дафтари ҳомии ҳуқуқи инсон, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Ширини Ибодӣ гуфтаанд, масъулияти дифоъ аз Собириро ба ӯҳдаи худ хоҳанд гирифт. Аммо номаълум аст, ки бознигарии парванда чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. Абдулсамад Хуррамшаҳрӣ, вакили Роксана Собирӣ мегӯяд, вай хушбин аст:

Аммо бояд дар назар дошт, ки парвандаи Собирӣ дар як пайти ҳассоси равобити Эрону Амрико ба миён афтодааст. Вошингтон гуфтааст, омодаааст барои ҳалли баҳси ҳастаӣ вориди гуфтугуӯи мустақим бо Теҳрон шавад. Эрон низ эҳтимоли гуфтушунидро пазируфтааст. Дар ин ҳолат ҳабси Собирӣ метавонад, ҳам паём ба Вошингтон ва ҳам саҳнаи озмоиш бошад. Ин парванда метавонад ва ба гуфтугӯ таъсир кунад ва баракс гуфтугӯ ба ин парванда.
XS
SM
MD
LG