Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ИМА аз тамринҳо дар Гурҷистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тамринҳои барномарезишудаи НАТО дар Гурҷистон ҳимоят карда гуфт, ин тамринҳо ҳеҷ хатаре барои Русия эҷод намекунанд. Роберт Вууд – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, тамринҳои моҳи майро, бахше аз ҳамкориҳои оддии НАТО ва Гурҷистон хонда ва гуфт: "Ин як талоши муҳими НАТО барои мувофиқ кардани Гурҷистон ба меъёрҳои ин созмон аст. Ман дигар чизе ба ин изофа карда наметавонам. Ин тамринҳо хатаре барои Русия, барои ҳеҷ кас дар минтақа эҷод намекунанд. Ва ба эътиқоди мо ин тамринҳо муҳиманд ва мо ин корро мекунем." Пеш аз ин баёнияи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, расонаҳои Русия гуфтанд, ки ин кишвар нишасти сарони ситоди Шӯрои НАТО ва Русияро ба таъхир андохтааст. Русия мухолифи баргузории тамринҳои низомии НАТО дар Гурҷистон аст ва аз НАТО хостааст, аз ин тамринҳо даст кашад.
XS
SM
MD
LG