Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нави Амрико дар Ироқ таъйин шуд


Сенати Амрико дипломати собиқадор Кристофер Ҳиллро ба ҳайси сафири он кишвар дар Ироқ пазируфтааст. Ба ҷонибдории номзадии ӯ 73 нафар аз вакилони мардумии Амрико раъй додаанд. Қаблан бархе аз вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мухолифи пазируфтани Кристофер Ҳилл ба мақоми сафир дар Бағдод буданд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин дипломат дар умури Ховари Миёна таҷриба надорад ва дар музокироти шашҷониба бо Куриёи Шимолӣ ҳам натиҷаҳои хубе нишон надодааст. Акнун Кристофер Ҳилл дар мақоми сафири Амрико дар Бағдод, бояд дар амри ихроҷи даҳҳо ҳазор сарбози амрикоӣ аз Ироқ дар солҳои оянда кӯмак кунад. Пеш аз интихобаш ба мақоми ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия Кристофер Ҳилл сафири Амрико дар Македония, Лаҳистон ва Куриёи Ҷанубӣ будааст.
XS
SM
MD
LG