Пайвандҳои дастрасӣ

IMF ба Тоҷикистон қарз медиҳад


Шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул ризоият додааст, то барои иҷрои барномаҳои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон 116 миллион доллар ихтисос дода шавад. Ин қарор ба Тоҷикистон, вазъи иқтисодаш бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бадтар шудааст, иҷоза медиҳад билофосила 38 миллион доллар қарз бигирад. Дар ҷараёни нишасти шӯро ҳамчунин қазияи истифодаи нодурусти садҳо миллион доллари Бонки Миллии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, бо вуҷуди ислоҳоти иқтисодӣ фақри фарогир дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва зоҳиран бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG