Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи тазоҳурот дар шаҳри Тифлис


Ҳудуди 10 ҳазор нафар аз тарафдорони мухолифин дар Гурҷистон дирӯз дигарбора ба шаҳри Тбилиси рехта ва хостори истеъфои раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ шуданд. Тазоҳургарон, ки мегӯянд, Гурҷистон дар замони Михайил Саакашвилӣ ба як кишвари пулисӣ табдил ёфтааст, дар маркази шаҳр, макети ҳуҷраҳои зиндонро барпо карданд. Раҳбарони мухолифин мегӯянд, то замоне, ки Михайил Саакашвилӣ аз мақомаш истеъфо надиҳад, ҳар шом тазоҳуротро идома хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Гурҷистон, ки даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш соли 2013 хотима меёбад, аз талаби истеъфо сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG