Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати се раҳбар ба Кохи Сафед


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико қасд дорад, то барои идомаи раванди сулҳ дар Ховари Миёна раҳбарони Исроилу, Фаластин ва Мисрро барои музокироти алоҳида ба Кохи Сафед даъват кунад. Роберт Гибс – сухангӯи ҳукумати Амрико имрӯз гуфт, аз нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, раиси ҷумҳури Фаластиниён, Маҳмуд Аббос ва Ҳуснӣ Муборак – раиси ҷумҳури Миср даъват хоҳад шуд, то ҳафтаҳои оянда барои мулоқот бо Барак Обама ба Амрико биёянд. Санаи мушаххаси мулоқотҳоро ҳанӯз эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG