Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи давлати Русия ба НАТО


Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, ин кишвар нишасти сарони ситоди Шӯрои НАТО ва Русияро ба таъхир андохтааст. Хабаргузории "РИА Новости" аз қавли як сухангӯи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ навиштааст, дар номаи расмӣ,тамринҳои низомии НАТО дар моҳи май дар Гурҷистон, ки Русия мухолифи баргузории он аст, зикр нашудааст. Аммо ҳамин хабаргузорӣ аз қавли як ёвари намояндаи Русия дар НАТО навиштааст, ки ба таъхир андохтани нишаст ба ҳамон тамринҳо иртибот мегирад. Нишасти раҳбарони ситоди Шӯрои НАТО ва Русия ба рӯзи 7 май барномарезӣ шуда буд. Фаъолияти ин шӯро баъди ҷанги Русия бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта муттавақиф шуд, вале баъдан ду тараф тасмим гирифтанд, то ҳамкориҳо аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG