Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломияи анҷумани зиддинажодпарастӣ тасвиб шуд


Анҷумани зиддинажодпарастии СММ дар Женева имрӯз эъломияи ниҳоияш алайҳи нажодпарастӣ, бегонаситезӣ ва сӯъитаҳаммулро тасвиб кард. Нукоти баҳсбарангезе, ки дар пешнависҳои қаблии ин эъломия мавҷуд буд, аз матни ниҳоӣ ҳазф шуда, интиқод аз адёнро маҳдуд намекунад ва ишорае ба Исроил надорад. Рӯзи аввали ин анҷуман ҳамроҳ бо таҳримҳо, суханронии ҷудоиангези раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ба нишони эътироз ба ин суханронии зидди Исроил тарки толор кардани даҳҳо дипломати ғарбӣ гузашт. ИА имрӯз бо пахши як изҳорот иддаои Аҳмадинажодро, ки Исроилро “як давлати нажодпараст” номид, шадидан радд кард.
XS
SM
MD
LG