Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафтҳои Кобул дар музокирот бо Толибон


Кобул мегӯяд, давлати Афғонистон дар музокирот бо Толибон ба пешрафтҳое даст ёфта, ҳамроҳи муттаҳидини хориҷии Толибон ба ихроҷи исми бархе аз онҳо аз феҳрасти афроди таҳти ҷустуҷӯ пардохтааст. Сухангӯи давлати Афғонистон Ҳумоюн Ҳамидзода ҳамчунин гуфт, давлат бо нирӯҳои мухолиф дар сатҳҳои мухталиф вориди тамос шудааст. Аммо ӯ аз гуфтани ҷузъиёт ва овардани номҳо худдорӣ кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, ки ӯ имкони гуфтугӯ бо толибони мӯътадилро баррасӣ мекунад. Аммо Толибон пешниҳоди Обамаро “ҳавоӣ” хонда, гуфтаанд, ба набарди худ то дами хуруҷи ҳама нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG