Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон?


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, марзбонони тоҷик дар минтақаи наздик ба рустои Сурхи Исфара алайҳи як автобуси Қирғизистон оташ кушодаанд. Туроим, ё худ раиси рустои марзии Кӯктош Розия Осорова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса зӯҳри 21 апрел рух дод. Марзбонони тоҷик гуфтаанд, ки ронандаи автобус ба амри онҳо итоат накард ва онҳо маҷбур шудаанд, ба сӯи автобус оташ кушоянд. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз вуқӯъи чунин як тирандозӣ дар марз бо Қирғизистонро то ҳол тасдиқ ё радд накардааст. Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд, як гурӯҳи муштараки ду кишвар ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.
XS
SM
MD
LG