Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Китобхонаи рақамии ҷаҳонӣ - дар Интернет


Дар шабакаи ҷаҳони Интернет Китобхонаи рақамии ҷаҳонӣ таъсис ёфт, ки дастрасии озод ба китобу харитаву дастхатҳо ва ба аксу наворҳои нодирро таъмин мекунад. Ин хазинаи бузург ба 7 забони бузурги ҷаҳон – арабӣ, чиноӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, португалӣ ва русиву испанӣ қобили дарёфт аст. Ин сомонаи беҳамто бо ибтикори ЮНЕСКО, идораи фарҳанги СММ ва 32 китобхонаи бузург аз саросари дунё таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG