Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба машқҳои НАТО дар Гурҷистон намеравад


Қазоқистон дар машқҳои низомие, ки паймони НАТО дар Гурҷистон ташкил мекунад, ширкат нахоҳад варзид. Вазири дифоъи Қазоқистон Дониёл Аҳмадов гуфт, тасмими хуруҷ аз ин машқҳо тасмими ниҳоист. Русия шадидан мухолифи азми Гурҷистон барои пайвастан ба НАТО буда, дар сурати баргузории тамринҳои низомӣ дар Гурҷистон ҳатто таҳдид кард, ки нишасти моҳи ояндаи фармондеҳони ин паймонро таҳрим хоҳад кард. Аммо НАТО мегӯяд, далели мухолифати Маскав ба ин машқҳоро намефаҳмад. Қарор аст, дар машқҳои Гурҷистон, ки аз 6 май то 1 июн идома хоҳанд ёфт, 1300 сарбоз аз 19 кишвар ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG