Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана Собирӣ хостори бозбинии ҳукмаш шуд


Қувваи қазоияи Эрон гуфт, хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собирӣ бознигарии ҳукми зиндонашро тақозо кардааст. Собирӣ рӯзи шанбе бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз додситони кулли Теҳрон хостааст, Роксана Собирӣ бояд ҳаққи комили дифоъ дошта бошад. Ӯ бо ҷурми ҷосусӣ дар ҳоле маҳкум шуд, ки баъд аз 30 соли адами равобити сиёсӣ миёни Эрону Амрико, маъмурияти раисиҷумҳури ҷадиди Амрико Барак Обама дар ҷустуҷӯи роҳҳои равобити дипломатӣ бо Эрон шудааст.
XS
SM
MD
LG