Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар ба қатли Қодиралиев боздошт шудааст


Имрӯз як нафари гумонбар дар қатли вакили парлумони Қирғизистон Санҷарбек Қодиралиевро боздошт кардаанд. Манобеъ дар вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, гумонбар 32-сола буда, Қодиралиевро дер боз мешинохт.

Аммо хабари боздошти ин муттаҳам ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Санҷар Қодиралиев рӯзи 14 апрел бар асари як сӯъиқасд дар назди манзилаш дар Бишкек кушта шуд.

XS
SM
MD
LG