Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский иттиҳомоти навро рад кард


Михаил Ходорковский, раҳбари собиқи ширкати нафти ЮКОС, ва шарики собиқи ӯ Платон Лебедев дар додгоҳ иттиҳомоти нави алайҳи онҳо эълоншударо эътироф накарданд. Ходорковский ва Лебедев ба сирқати миллиардҳо доллар пули фоидаи ЮКОС ва ба шустушӯи пул муттаҳам шуда, дар сурати таъйид шудани ин иттиҳомот метавонанд то 22 сол ҳукми зиндон бигиранд. Ҳарду аз соли 2003 ба ин тараф дар зиндон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG