Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони маъруфи тоҷик Муродҷон Тӯйчиев дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Узбакистон дар шаҳри Тошканд дар риштаи гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдурозиқ Олимов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, ки дар пойтахти Узбакистон тӯли се рӯз идома кард, варзишгарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Оқои Олимов афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 гуштигир намояндагӣ карданд ва танҳо ба як нафар муяссар шуд, ки барандаи ҷоизаи дуюм шавад. Муродҷон Тӯйчиев дар рақобатҳо дар вазни 120 кг бар рақибонаш аз Қазоқистону Туркия дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар қувваозмоии ҳалкунанда аз гуштигири қазоқ Нурмахан Тиналиев мағлуб шуда, мақоми дуввумро касб кард».

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов дар мавриди дарёфти маблағ беҳтарин паҳлавонони тоҷик имкон доранд, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 2-юм то 7-уми май дар Тайланд баргузор мешавад, ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG