Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти нозирони САҲА дар Осетияи ҷанубӣ


Мақомоти минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ имрӯз чандин тан аз нозирони САҲА-ро барои муддати кӯтоҳе бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи ин минтақа бо Гурҷистон боздошт карданд. Сухангӯи Тсхинвалӣ Ирина Гаглоева гуфт, ин нозирон дар қаламрави Осетияи ҷанубӣ боздошт шуданд. Ҳайъати нозирони САҲА аз авоили солҳои 90 дар Гурҷистон мустақар шудаанд, вале мақомоти Осетияи ҷанубӣ дар пайи ҷанги моҳи августи Гурҷистону Русия ба вуруди ин нозирон ба ба қаламрави ин минтақа мамониат мекунанд.
XS
SM
MD
LG