Пайвандҳои дастрасӣ

Бахмина пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо мешавад


Додгоҳи Русия ҳукми раҳоии пеш аз мӯҳлати вакили ҳуқуқии ширкати собиқи ЮКОС Светлана Бахминаро содир кард. Бахмина, модари се фарзанд, соли 2006 бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти молиёт ва тақаллуби аснод ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуд, вале ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукми ӯро бахше аз талошҳои сиёсӣ ба хотири аз байни бурдани ширкати нафти ЮКОС мехонанд. Роман Головкин, вакили мудофеъи Светлана Бахмина, дар пайи судури ҳукми додгоҳ гуфт:

“Умедворам, ки Светлана алакай фардо озод хоҳад шуд. Кулли асноди лозим дар дасти намояндаи боздоштгоҳ аст ва ба гуфтаи вай, онҳо алакай ба таҳияи асноди лозим оғоз кардаанд.”

Светлана Бахмина фарзанди севвумашро дар маҳбас ба дунё овард, вале соли гузашта бо вуҷуди ҳомила буданаш додгоҳ дархости раҳоии пеш аз мӯҳлати ӯро радд кард буд.

XS
SM
MD
LG