Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуфи Мун аз изҳороти Аҳмадинажод


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз суханронии раисиҷумҳури Эрон дар анҷумани зидди нажодпарастӣ дар Женева изҳори таассуф кард ва гуфт, Маҳмуди Аҳмадинажод аз минбари ин анҷуман ба манзури ҳамла алайҳи Исроил сӯъиистифода кардааст. Раҳбари СММ гуфт, ҳанӯз қабл аз суханрониаш аз Аҳмадинажод хоста буд, аз баррасии масоили ихтилофбарангез худдорӣ биварзад, вале ӯ баръакс ин минбарро ба манзури “айбдоркунӣ, ихтилофангезӣ ва ҳатто таҳрик” истифода бурд. Аҳмадинажод рӯзи душанбе дар анҷумани Женева Исроилро ҳамчун “як режими бераҳми нажодпараст” ба боди шадиди интиқод кашид. Ҳудуди 40 дипломат аз Бритониёву Фаронса ва кишварҳои дигари ИА ба нишони эътироз толори анҷуманро тарк гуфтанд.
XS
SM
MD
LG