Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти идораи умури дохилаи Суғд гуфтанд, ки шахсияти нафареро, ки афсари милиса Боир Юлдошевро аз туфангча захмӣ намуд, ошкор кардаанд.

Рауф Юсупов, сардори идораи умури дохилаи Суғд, дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, кормандони интизомӣ дар ин бора далелҳои кофӣ ба даст овардаанд ва дар ҳоли ҳозир барои боздошти нафари ҳамлавар ва шарикони вай корҳои ҷустуҷӯӣ-тафтишотӣ мебаранд. Вале ба далели халал наафтодан ба ҷараёни тафтишот аз овардани ному насаби шахсии ҳамлавар худдорӣ варзид.

Генерал Юсупов ҳамчунин афзуд, сӯиқасд ба ҷони афсари милисаи Исфара дар ҳоле сурат гирифт, ки кормандони интизомӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони ниҳодҳои дигари қудратӣ ба ҷустуҷӯи 25 нафар узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон аст ва аз соли 1997 ба ин сӯ дар содири кардани чанд ҷиноятҳои вазнини одамкушӣ, аз ҷумла куштори ду милиса дар Конибодом, ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонон дар Исфара, ки чанд куштаи афроди низомиву осоишта бар ҷой гузошт, гумонбар дониста мешаванд, корҳои ҷустуҷӯиву тафтишотӣ мебаранд.

Вале сардори идораи умури дохила дар мавриди шомил будан ё набудани нафари гумонбар ба сӯиқасд ба ҷони афсари милиса Боир Юлдошев ба ин гурӯҳи тундрави мазҳабӣ гуфт, ки инро ҷараёни тафтишотӣ ошкор хоҳад сохт.

Майор Боир Юлдошев, корманди шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара, 16-уми апрел мавриди суиқасд қарор гирифт. Нафари гумонбар ба сӯи афсари милиса аз туфангча се тир холӣ кард ва ду тир ба пешониву миёни ӯ расид. Дар ҳоли ҳозир майор Юлдошев бо захмҳои сангин дар бемористони Исфара бистарист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG