Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши истиқлолхоҳии Тоҷикистон ва раиси созмони мардумии «Растохез», қабл аз зуҳри рӯзи сешанбе ҷомеаи Тоҷикистонро лаҳзае такон дод ва сукут бахшид.

Тоҳири Абдуҷаббор донишманд ва рӯшанфикри беназири тоҷик буд, ки бо маҳзи фаро расидани имкони муборизаҳои истиқлолталабӣ ва озодихоҳӣ дар миёнаҳои солҳои 80-и асри гузашта бо ғулғула ва салобати хосе, ки монанди худро надошт, вориди саҳнаи фарҳангӣ ва баъдан сиёсати Тоҷикистон шуд.

Мавҷи озодихоҳӣ ва ҳаракати равшанфикии Тоҷикистон дар ин айём созмони мардумии «Растохез»-ро ба миён овард. Ин созмон аслан аз устодони донишгоҳҳо ва фарҳангиёни тоҷик иборат буд. Аслиддини Соҳибназар, Бозор Собир, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Сотим Улуғзода ва Акбари Турсун ва соири донишмандони тоҷик аз муассисони ин созмон буданд. Ва Тоҳири Абдуҷаббор раҳбарии ин созмонро бар душ гирифт. Ин созмон як ҳадафи умда дошт ва он ҳам истиқлоли Тоҷикистон буд.

Аммо дар соли 1989 ва ибтидои соли 1990 ба маҳзи бештар мардумӣ шудан ва маҳбубият касб кардани ин ҷунбиш дастгоҳи амнияти
Ниҳоят фозил ва олим буданд, хушахлоқ ва ботавозӯъ буданд, миллатдӯст ва меҳандӯст буданд.
шӯравии пешин дар пайи бадном кардани ин созмон ва роҳбарони донишманди он шуд. Аввалин ин буд, ки бархе аз донишмандон таҳти фишори КГБ-и собиқ аз «Растохез» андаке канор рафтанд. Вале бо вуҷуди ин дар интихоботи порлумонии соли 1990 Тоҳири Абдуҷаббор тавонист бо шикаст додани рақиби худ ва он ҳам муншии Ҳизби коммунист ба порлумон роҳ ёбад. Ва аз он замон марҳилаи дигари фаъолиятҳои сиёсии Тоҳири Абдуҷаббор оғоз шуд.

Дар 24 августи соли 1990 ӯ ба порлумон тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод кард. Порлумон онро он замон сад дарсад раъйи мухолиф дод. Аммо баъди як сол вақте табаддулоти давлатӣ дар сатҳи шӯравӣ пеш омад ва дигар ҷамоҳир истиқлоли худро эълон карданд, ҳамин порлумон низ роҳе дигар ҷуз қабули пешниҳоди истиқлолро надошт. Ва тарҳи пешниҳодии ӯ дар 9-уми сентябри соли 1991 бидуни таҳрир ва ислоҳ чун Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон пазируфта шуд.

Даргузашти Тоҳири Абдуҷабборро хоса ҳамсафону ҳамроҳонаш дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ бо таассуфи зиёде дарёфтанд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон, ки ҳамроҳи Тоҳири Абдуҷаббор вакили мардумӣ дар охири даъвати шурои Олии Тоҷикистон буд, мегӯяд, «хабари даргузашти бародари гиромӣ Тоҳири Абдуҷабборро шунидам. Воқеан як такони бузурге барои ман аст. Мо ҳарду якҷо дар як интихоботи порлумони ширкат кардем ва вакили Шӯрои олӣ шудем, аз наздик ман бо он кас ошно шудам, ки чӣ қадар дилсӯзӣ барои миллат дорад. Аввалин бор ин Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро ҳамон вақт навишта буд. Баъд ҷанги дохилии таҳмилӣ болоямон бор шуд ва дар солҳои ҳиҷрат дар Теҳрон ҳамроҳ будем. Агарчанд расман узви Иттиҳоди мухолифин набуданд, аммо ҳамеша дар машваратҳо ва нишастҳо барои эҷоди роҳи ҳал ва оштии миллӣ машваратҳои муфид медоданд. Ниҳоят фозил ва олим буданд, хушахлоқ ва ботавозӯъ буданд, миллатдӯст ва меҳандӯст буданд. Тамоми нишонаҳои инсони некро Худованд барояш арзонӣ дошта буд. Умед дорам, ки дӯстон ва пайравонаш кори ӯро идома хоҳанд дод. Худо ҷояшро ҷаннат кунад!».

Тоҳири Абдуҷаббор баъди иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд, ки марҳилаи дигаре аз ҷанги дохилӣ ба дунболи
Поктарин ва самимитарин инсон буд. Касе буд, ки аввалин шӯълаи маърифатро дар ин қавм бедор кард.
он оташ гирифт, Тоҷикистонро тарк гуфт ва муддате дар Маскав, Теҳрон ва сипас Бишкек ба сар мебурд. Ва дар ин муддат ба иттиҳоди мухолифини мусаллаҳи давлат напайваст ва ба кори мутолиа ва тадрис дар донишгоҳ машғул буд. Аммо ҳаргиз нисбат ба сарнавишти ин миллат бетараф набуд.

Ҳайдаршоҳ Акбаров, вакили Шӯрои олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва вазири кишоварзӣ дар ҳукумати Муросои миллӣ дар соли 1992, ки даҳ соли муҳоҷират дар Бишкекро бо Тоҳири Абдуҷаббор ба сар бурдааст, мегӯяд, "ӯ ба иловаи як мубориз як донишманд ва рушанфики беназире будааст, ки месазад даргузашташро ба ҳамаи онҳое, ки ба истиқлоли Тоҷикистон эътиқод доранд, тасаллият гуфт. Устод ҳамаи вуҷуди худро барои ин миллат бахшида буд. Поктарин ва самимитарин инсон буд. Касе буд, ки аввалин шӯълаи маърифатро дар ин қавм бедор кард. Шахсе, ки ҳамеша дар фикри наҷоти ин мардум буд. Шахсе буд дур аз ифрот ва тафрит, устоди фозил, донишманд ва ботаҷриба буданд. Ҳамин аст, ки даргузашти ӯро барои ҳамаи касоне, ки ба ин сарзамин ва истиқлоли у эҳтиром доранд, тасаллият арз мекунам».

Тоҳири Абдуҷаббор дар охирин мусоҳибааш гуфтааст, ормони мо истиқлол буд, ки ба он расидем, ҳадафи мо озодихоҳӣ буд, ки ба он даст ёфтем, мо истиқлолталаб будем на мансабталош ва ба ин саодат расидем. Ҳоло муҳим нест, ки барномаҳои моро кӣ амалӣ мекунад, муҳим ин аст, ки онҳо амалӣ мешаванд.

Тоҳири Абдуҷаббор шояд танҳо вакили мардумие аз даъвати дувоздаҳум буд, ки дар барои таҷлил аз 15-солагии иҷлосияи 16 дар Хуҷанд даъват нашуд. Ва пешниҳодгари андешаи истиқлоле буд, ки дар ҳеҷ ҷашни истиқлол роҳ наёфта буд. Аммо мегуфт, ба саодат расидаем.

Тоҳири Абдуҷаббор аз декабри соли 2008 маризиаш хуруҷ кард ва бо исрори дӯстонаш ба Теҳрон барои тадовӣ фиристода шуд. Аммо ба анҷвоми амали ҷарроҳӣ розӣ нашуд. Ва ба ватан баргашт. Муддате дар Душанбе ва баъд ҳам дар Хуҷанд ба сар мебурд. Бояд биафзоям, ки чанд дақиқа қабл аз расидани ин хабар масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар тамос шуданд ва аз банда, ки охирин мақоларо роҷеъ ба аҳволи Тоҳири Абдуҷаббор навишта будам, суроғаи ӯро гирифтанд, зеро, мегуфт он масъул, дар ягон беморхонаи Тоҷикистон бо супориши вазорат номи ӯро пайдо накардаанд, ман суроғаи ӯро додам ва баъди гузоштани гушӣ билофосила аз гӯшии дигаре хабари дагузашти Тоҳири Абдуҷабборро шунидам.

Чанд ҳафта ба ин ҷониб, матбуот ва расонаҳои Тоҷикистон низ пайваста аз ҳоли Тоҳири Абдуҷаббор мегуфтанд. Комили Бекзода, файласуфи тоҷик, аз ҷумлаи онҳост, ки менависад, зиндагии амалии Тоҳири Абдуҷаббор ба шеваи зиндагии Шамси Табрезӣ монанд буд, ғурури саркаш, қотеият, ҷасорат, устуворӣ ва шарофати инсонии дар ҳадди хеле боло ва болотар аз боло.

Чу барбастам рахти хеш аз ин хок,
Ҳама гӯянд, ки бо мо ошно буд.
Валекин кас надонист ин мусофир,
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз кучо буд?

Натиҷаи заҳматҳои Тоҳири Абдуҷаббор дар рисолае таҳти унвони “Чаро мо ақиб мондаем?” гирд омадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG