Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги фоҷиавии Тенгиз Гудава дар Прага


Хабарнигор ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Тенгиз Гудава дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ҳалок шуд. Сабабҳои марги ӯ ҳанӯз рӯшан нест. Тенгиз Гудава дар даврони шӯравӣ бо ҷароими сиёсӣ зиндонӣ шуда, соли 1987 аз Иттиҳоди Шӯравӣ ихроҷ шуд. Гудава аз он замон то соли 2004, тайи 17 сол дар бахши русии Радиои Озодӣ фаъолият мекард ва аз ҷумла муҷрии барномаи “Қафқоз ва Осиёи марказӣ” буд.
XS
SM
MD
LG