Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун, дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз рафтори Маҳмуди Аҳмадинажод ибрози таассуф кард ва гуфт, раиси ҷумҳури Эрон бо сӯистифода аз минбари ҳамоиши зидди нажодпарастии Созмони Милал ба Исроил ҳамла кардааст.

Бан Ки Мун гуфт, ӯ пеш аз оғози нишаст аз Аҳмадинажод хостааст, то дар конфронси шаҳри Женева аз тафриқанагезӣ парҳез кунад, вале баръакс Маҳмуди Аҳмадинажод минбари ҳамоишро “барои иттиҳом, тафриқаандозӣ ва ҳатто барангехтан” истифода кардааст.

Зимни суханронии худ дар рӯзи душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, бо интиқоди сахти Исроил онро “режими нажодпарасти золим” хонд ва гуфт, бо офаридани Исроил пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум фаластиниҳо ранҷ кашидаанд. Ҳангоми ин суханронии Аҳмадинажод ҳудуди дипломатҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба нишони эътироз толори ҳамоишро тарк карданд.


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG