Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Лигаи миллӣ аз мақомоти Русия


Созмони Иттиҳодияи Мардумии “Тоҷикон” дар Русия мегӯяд, маъмурони як зиндони дар минтақаи Тамбов бо зиндониёни мусулмон аз Осиёи Марказӣ бадрафторӣ карда ва як китоби “Қуръон”- ро оташ задаанд. Каромат Шарипов – раҳбари созмони мазкур дар як нома ба унвони вазири адлия, додистонӣ ва усқуфи аъзам ва муфтии Русия шикояти шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистонро овардааст, ки ба гуфтаи вай посбонон ба онҳо зулму бадрафторӣ кардаанд. Ин нома бо зикри номи зиндониён дар вебсайти созмони "Тоҷикон" нашр шудааст. Дар нома ҳамчунин иддаъо мешавад, ки маъмурони маҳбас, ки дар он 100 зиндонии мусулмон нигаҳдорӣ мешаванд, як масҷидро вайрон кардаанд, ҳарчанд бунёди онро раҳбарияти маҳбас иҷоза дода будааст. Иттиҳодияи Мардумии “Тоҷикон” аз мақомоти Русия хостааст, то ин қазияро таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG