Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли се корманди полиси Афғонистон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷангҷӯён дар ҷануби Афғонистон се тан аз маъмури пулисро куштаанд ва се ғайринизомии дигар бар асари инфиҷори як бомб ҳалок шудаанд. Ду корманди пулис ҳангоми даргирӣ бо ҷангҷӯён дар вилояти Зобул ҷони худро аз даст додаанд. Ҷовидхон - сухангӯи вазири қабоил ва умури марзии Афғонистон, гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ 15 ҷангҷӯ низ ба ҳалокат расидаанд. Бар асари инфиҷори бомби канори роҳ дар шаҳри Қандаҳор як корманди пулис ҳалок шуда ва ҳамроҳи ӯ ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG