Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баучер: "Созишнома ҳукми иҷро мегирад"


Ричард Баучер - ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ,мегӯяд, созишнома дар мавриди интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон ба зудӣ ҳукм иҷро хоҳад гирифт. Ричард Баучер дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Ҳукумати Амрико саъй дорад, то барои таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон роҳҳои нав пайдо кунад, зеро Қирғизистон чанде расман аз Амрико хост, то ки нерӯҳояшро аз пойгоҳи низомии Манас дар шаҳри Бишкек хориҷ кунад. Ин пойгоҳро Амрико ва муттаҳидонаш барои мусоидат ба амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон истифода мекарданд.
XS
SM
MD
LG