Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳо барои озодии хабарнигори амрикоӣ


Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико аз давлати Эрон хостааст, то дар зудтарин фурсат Роксана Собирӣ - хабарнигори иронитабори амрикоиро аз зиндон озод кунад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз Эрон хост, то хабарнигори 31-соларо, ки рӯзи шанбеи гузашта бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, раҳо намояд. Оятуллоҳ Маҳмуди Шоҳрудӣ - раиси Қувваи Қазоияи Эрон хостори таҷдиди назари мунсифона, дуруст ва зуди парвандаи Роксана Собирӣ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон ҳам аз мақомоти додгоҳӣ хостааст, то тазмин диҳанд, ки Роксана Собирӣ барои дифоъи хеш аз тамоми ҳуқуқи қонунӣ бархурдор бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG