Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии Аҳмадинажод боиси моҷаро шуд


Суханронии раисиҷумҳури Эрон дар конфаронси алайҳи нажодпарастии СММ дар шаҳри Женева ба моҷаро печид. Баъди он ки Маҳмуди Аҳмадинажод Исроилро дар нажодпарастӣ муттаҳам кард, чанд нафар суханронии ӯро бо нидоии “Нажодпараст” буриданд. Ҳайатҳои кишварҳои аврупоӣ ба нишони эътироз аз ҳарфҳои Аҳмадинажод толорро тарк намуданд. Қабл аз ин суханронӣ Бернард Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳушдор дода буд, ки агар Аҳмадинажод боз ҳам изҳороти зиддиисроилӣ пахш кунад, кишварҳои аврупоӣ нишастро таҳрим хоҳанд кард.
Конфаронси алайҳи нажодпарастӣ бо суханронии Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ ифтитоҳ шуд. Ӯ, аз ҷумла, аз хатари афзоиши таҳаммулнопазирӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳушдор дод. Бан Ки Мун аз он изҳори таассуф кард, ки ИМА, Ҳуланд, Италия, Олмон, Австралия, Зеландияи нав ва Исроил аз ширкат дар ин нишаст сарпечӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG