Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҷмал Амиров – ғолиби дави марафонӣ


Аҷмал Амиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ғолиби дави марафонӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар гардид.

Сардовари ин мусобиқа Ғайрат Неъматов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пойга 108 варзишгар, аз он ҷумла 11 нафар бонувон, аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ширкат карда, ба масофаи 21 километру 100 метр давиданд.

Ба ғолиби сабқат Аҷмал Амиров, ки ин масофаро дар муддати 1 соату 11 дақиқаю 21 сония тай намуд, 5 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Донишҷӯи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон Сотиболдӣ Ҳаитов, аз шаҳри Турсунзода, ки бо натиҷаи 1 соату 11 дақиқаю 38 сония дуввум шуд, бо 4 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Сергей Забавский, ки бо натиҷаи 1 соату 12 дақиқаю 49 сония ҷои севумро аз они худ кард, бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Надима Мирзоева, донишҷӯи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон, ки бо натиҷаи 1 соату 38 дақиқаю 01 сония байни занон ғолиб омад, бо 1500 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Инчунин хоҳараш Нодира Мирзоева, донишҷӯи Донишкадаи варзиш, ки бо натиҷаи 1 соату 41 дақиқаю 51 сония ҷои дуввумро гирифт, бо 1500 сомонӣ сарфароз гашт.

Дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар, ки дар Кохи ҷавонон баргузор шуд, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, инчунин, ба ғолибони дави марафонӣ ҷавоизи пулӣ тақдим кард.
XS
SM
MD
LG