Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии теннисбозони тоҷик дар Ҷоми Дэвис


Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон дар сабқати минтақаи Осиёву Уқёнус барои дарёфти Ҷоми Дэвис дар Сурия аз гурӯҳи севум ба гурӯҳи чаҳорум фуромад.

Муовини раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: «Сабқати минтақавӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Сергей Макашин, Мирҳусейн Яҳёев ва Бахтиёр Саъдуллоев дар гурӯҳи «А» аз тимҳои Уқёнуси Ором бо ҳисоби 0:3 ва Лубнон – 1:2 мағлуб шуда, бар Сингапур бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Ҳамин тариқ, дастаҳои Тоҷикистон ва Сингапур, ки дар ҷойҳои охир қарор гирифтанд, соли оянда дар гурӯҳи чаҳорум бозӣ хоҳанд кард. Дастаи Уқёнуси Ором, ғолиби сабқати гурӯҳи севум, ва тими Шри-Ланка, ки дуввум шуд, ба гурӯҳи дуввум роҳ ёфтанд. Чаҳор дастаи дигар – Сурия, Лубнон, Арабистони Саъудӣ ва Эрон - мавқеъашонро дар гурӯҳи севум нигаҳ доштанд».
XS
SM
MD
LG