Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба бинокорони доғистонӣ дар Маскав


Дар Маскав бар асари бархурди ду гурӯҳи қавмӣ шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Яке аз онҳо аз корд захм бардоштааст. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, субҳ ба як майдони сахтмонӣ, ки он ҷо бинокорони доғистонӣ кор мекарданд, тақрибан 20 тан аз миллатгароҳи рус ворид шуда, бинокоронро лату кӯб карданд ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд. Барои кумак ба осебдидагон 12 мошини “ёрии таъҷилӣ” ба ҷойи ҳодиса омад. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Ҳамасола, рӯзи 20 апрел, дар зодрӯзи Адолф Ҳитлер, фошистҳои рус дар шаҳрҳои гуногуни Русия ба намояндагони дигар миллатҳо ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG