Пайвандҳои дастрасӣ

Барои нахустин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Тоҷикистон пас аз анҷоми бозраси (аудит)-и беруна соҳиби гувоҳномаи мутобиқат ба меъёри байнулмилалии ISO 22000–Низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ гардиданд.

Ин корхонаҳо ҶММ «Элита Истаравшан» ва ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» мебошанд ва даст ёфтанашон ба ин комёбӣ дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифт. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) мегӯяд, Барномаи "Пешбурдти тиҷорат дар Тоҷикистон" аз ҷониби МБТ пиёда шуда, онро созмони СЕКО (Ҳукумати Швейтсария) маблағгузорӣ мекунад.

Ба иттилоъи ҷаноби Камолов, бозрасии ин корхонаҳо ва додани гувоҳнома аз ҷониби ширкати Det Norske Veritas AS (DNV, Норвегия) сурат гирифт. Ширкати мазкур оҷонси мустақили гувоҳномадеҳ буда, дафтари марказиаш дар кишвари Норвегия мебошад. DNV ширкати маъруфи байнулмилалӣ буда, соли 1864 таъсис ёфтааст ва дар 100 кишвари ҷаҳон 300 дафтар ва тақрибан 9000 корманд дорад. Бозрасии корхонаҳои Тоҷикистонро хонум Сапна Шукла, бозраси аршади дафтари ҳиндустонии ширкати Det Norske Veritas AS ба ӯҳда доштааст.

Дар ҷараёни бозрасӣ ӯҳдадориҳои корхонаҳои мазкур дар бораи истеҳсоли маҳсулоти босифат ва барои саломатии истеъмолкунандагон бехавфу безарар ва татбиқи амалии ин ӯҳдадориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, ҷалби роҳбарияти корхона ва кормандони он дар ҷиҳати пайваста беҳбуд бахшидани низоми мудирият ва таҳияи барномахо бо назардошти вазъи тагйирёбандаи соҳа ва кафолати бехатарии маҳсулот арзёбӣ гардидаанд.

Саидмӯъмин Камолов мегӯяд, "сазовор гаштан ба чунин гувоҳномаи байналмилалӣ имиҷ ва эътибори корхонаҳои мазкурро боло бурда, мавқеъашонро дар бозор боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Хусусан дарёфти он аз чунин як созмони бонуфузи байналмилалие чун DNV ба имиҷи ин корхонаҳо арзиши бештар зам менамояд. Бояд таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир бештари маводи ғизоие, ки дар корхонаҳои коркарди меваву сабзавоти Тоҷикистон тавлид мешаванд, дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир нестанд, зеро онҳо ба меъёрҳои байнулмилалии бехатарии маҳсулот ва сифат чандон мутобиқат намекунанд."

Бино бар қавли хонум Намрата Вакҳалу, мушовири байнулмилалии МБТ, ҷорӣ намудани низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ тибқи талаботи меъёри ISO 22000 ва усули ҲАССП (HACCP), яке аз шартҳои аслии иҷозаи истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Хонум Вакҳалу мегӯяд, "шумори ин кишварҳо рӯз ба рӯз меафзояд ва ҷорӣ намудани ин низом дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон низ зарур аст. Татбиқ намудани меъёри байнулмилалии ISO 22000 боиси боло рафтани сатҳи бехатарӣ ва сифати маҳсулот гардида, маҳсулоти корхонаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ бештар рақобатпазир менамояд."

Ҷаноби Баҳриддин Хоҷаев, муовини мудири кулли ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» бо қадрдонӣ аз мафоде, ки аз ҳамкорӣ бо МБТ дарёфт кардаанд, гуфт, умедвор аст, ки дарёфти гувоҳномаи ISO 22000 имиҷи корхонаашонро ба маротиб боло бурда, эътимоди харидорон ва шариконашонро ба маҳсулоти корхона бештар месозад ва дар натиҷа, барои содироти маҳсулот ба берун аз кишвар имкониятҳои наверо фароҳам хоҳад овард.


МБТ: Маркази байнулмилалии тиҷорат як ниҳоди муштараки Созмони Милал (UNCTAD) ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) буда, ҳадаф аз таъсиси он дастгирии рушди соҳаи тиҷорат ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори содиротии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш мебошад.
XS
SM
MD
LG