Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин номзади ягонаи худро мушаххас карданд


Иттиҳодияи мухолифини Қирғизистон сарвазири пешини кишвар Алмосбек Отамбековро номзад ба мақоми раисиҷумҳур пешбарӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз намояндагони мухолифин дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд ва гуфтанд, ки тасмим баъд аз машваратҳои тулонӣ гирифта шудааст. Ба ақидаи онҳо, Отамбеков ҷонибдорони зиёд дорад ва дар сурати озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи раёсатиҷумҳур пирӯз хоҳад шуд. Айни ҳол раҳбарони иттиҳоди мухолифин гуфтанд, ки ба шаффофу одилона баргузор гаштани ин маъракаи сиёсӣ шубҳа доранд. Интихоботи нави раёсатҷумҳурии Қирғизистон 23 июли соли равон доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG