Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушунид бо ҳавопайморабо идома дорад


Дар фурудгоҳи шаҳри Монтего-бейи Ямайка боз ду мусофири ҳавопаймои ғасбшудаи канадагӣ раҳо карда шуданд. Айни ҳол ҳавопайморабо панҷ сарнишинро гаравгон нигаҳ медорад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, як фарди мусаллаҳ бо асноди тақаллубӣ вориди ҳавопаймои ширкати Canjet шуд, ки ба бояд ба Канада парвоз мекард. Баъд аз чанд муддат ӯ аксари мусофиронро раҳо кард ва аммо то лаҳзаҳои ахир ду мусофир ва сарнишинҳо дар банди ӯ қарор доштанд. Ҳанӯз ҳуввият ва талабҳои ҳавопайморабо маълум нестанд. Гуфтушунид бо ӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG