Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври севуми лигаи олӣ


Рӯзҳои 18-ум ва 19-уми апрел бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ҳарду голро Субҳон Хоҷамов (дақиқаҳои 22-юм ва 24-ум) ба самар расонд. Голи севуми «Вахш»-ро Рустам Усмонов (84) вориди дарвоза кард. Ду голи «Равшан»-ро Иззат Исҳоқов (81) ва Зокир Абдулхайров (88) заданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бар тими меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе - бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозигари меҳмонон Юсуф Рабиев дар дақиқаи аввали дидор аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Дар замони изофии нимаи аввал (45+2) бозигари «Хуҷанд» Баҳодур Шарифов аз пенолти ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Пирмурод Бурҳонов (65) ба самар расонд.

Вале ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашт. Бозигарони «Парвоз» Анвар Норқулов (4),Ҷомихон Муҳиддинов (23) ва Асадулло Бобоҷонов (25) дар нимаи аввал се гол заданд. Голи ягонаи мизбононро Сӯҳроб Ашӯров дар дақиқаи 80-ум аз ҷаримаи 11-метра ба самар расонд.

Ду бозии дигари даври севум рӯзи якшанбе доир шуд. «Энергетик»-и Душанбе тими меҳмон - «Спитамен»-и ноҳияи Спитаменро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Панҷ голи «Энергетик»-ро Низом Раҳимов (25), Фариз Аскаров (34), Сӯҳроб Ҳамидов (47), Шавкат Ҳотамов (86) ва Аҳтам Назаров (89) заданд. Як голи «Спитамен» ба Зокир Бердиқулов (56) мутааллиқ аст.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба дарвозаи дастаи мизбон – «Гвардия»-и Душанбе - се голи беҷавоб зад. Шуҷоат Неъматов ду бор (дақиқаҳои 22-юм ва 24-ум) дарвозабони «Гвардия»-ро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Голи севумро Даврон Эргашев дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди се давр

1

«Вахш»

3

2

1

0

7-4

7

2

«Хуҷанд»

3

2

1

0

4-1

7

3

«Парвоз»

3

2

1

0

5-2

7

4

«Регар» ТадАЗ

3

2

0

1

7-4

6

5

«Истиқлол»

3

1

1

1

5-4

4

6

«Энергетик»

3

1

0

2

8-7

3

7

«Равшан»

3

1

0

2

5-6

3

8

«Гвардия»

3

0

2

1

1-4

2

9

CСKA «Помир»

3

0

1

2

3-7

1

10

«Спитамен»

3

0

1

2

1-7

1

Беҳтарин голзанҳо: Юсуф Рабиев («Истиқлол») ва Шуҷоат Неъматов («Регар» ТадАЗ) – 3-голӣ, Нӯъмон Ҳакимов («Вахш»), Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ) ва Абдусамад Ҳоҷибоев («Парвоз») - 2-голӣ.
XS
SM
MD
LG