Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико конфронси нажодпарастиро бойкот мекунад


Маъмурияти раёсатҷумҳурии Амрико эълон кард, ки конфронси СММ дар мавриди нажодпарастиро, ки имрӯз дар шаҳри Женева оғоз мешавад, бойкот хоҳад кард.

Амрико ва ҳадди ақал панҷ кишвари дигар тасмим гирифтанд, ки дар ин ҳамоиши саросарӣ ширкат наварзанд. Ҳадс зада мешавад, дар ин нишаст кишварҳои исломӣ талаб хоҳанд кард, то давлати Исроил маҳкум ва интиқоди Ислом мамнӯъ эълон шавад. Соли 2001 Вошингтону Исроил конфронси шабеҳро дар Дурбани Африқои Ҷанубӣ тарк гуфта буданд.

Қаблан дар бораи тасмими худдорӣ аз ширкат дар ин нишасти сарорсарӣ ҳукуматҳои Ҳоланд, Австралиё, Исроил ва Итолиё эълон карданд.

Рӯзи якшанбе, 19-уми апрел, Барак Обама, ки дар ҳамоиши кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ дар Тринидад ва Тобаго ҳузур дошт, гуфт, ки иштиёқи бузург дошт дар чунин як конфронси муфид бахшида ба мавзуҳои мубрами нажодпарастӣ ва фарқгузорӣ саҳм бигирад. Аммо вай афзуд, ки хатар вуҷуд дорад, ки лаҳни тарҳи баёнияи СММ санади Дурбанро такрор кунад ва он дафъа ширкаткунандагон Исроилро беш аз ҳад ва бардуруғ мавриди интиқоди шадид қарор дода буданд. Обама гуфт, ки замони омодагӣ ба ин конфронс Амрико ҳушдор дода буд, ки агар санади конфронс лаҳни соли 2001-ро такрор кунад, барои кишвараш ин ғайри қобили қабул хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе кишварҳои Аврупо то ҳол дар бораи ширкат дар кори конфронси Женева тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд. Сухангӯи СММ Раперт Колвил хабар дод, ки Олмон низ тасмим гирифтааст кори конфронсро бойкот кунад ва аммо дар Берлин вазири корҳои хориҷаи Олмон аз таъйиди ин хабар худдорӣ намуда гуфт, ки ҳукуматаш дар бораи тасмими ниҳоияш саривақт эълон хоҳад кард.

Бо вуҷуди нигарониҳо, ки нишаст ба ҳамоиши инкоркунандагони “Ҳолокост” ва ҳамлаҳо ба сионизм табдил мегардад, Бритониё гуфтааст, ки дипломатҳои худро ба конфронс хоҳад фиристод. Попи Рум Бенедикти 16-ум гуфт, конфронс барои нобуд кардани таҳаммулнопазирии нажодӣ дар саросари ҷаҳон зарур аст. Ба ақидаи таҳлилгарон, раҳбарияти калисои католикӣ бо ин суханон мехоҳад аз изҳоротҳои интиқодии баъзе кишварҳои аврупоӣ худро канор бигирад.

Раиси бахши ҳуқуқи башари СММ Нави Пилаӣ гуфт, ки худдории Амрико аз ширкат дар конфронс ӯро амиқан дилсард кардааст. Қарор аст дар нахустин рӯзи баргузории конфронс раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод суханронӣ кунад. Ӯро яке аз баҳсбарангезтарин суханронони ин нишаст хондаанд, чаро ки ӯ вуқуи “Ҳолокост”-ро зери суол бурда ва гуфтааст, Исроил бояд аз нақшаи ҷаҳон нобуд карда шавад.
XS
SM
MD
LG