Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, шаби 19-уми апрел ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи имсола, ки дар сатҳи баланд баргузор шуд, қариб 300 варзишгар дар ҳайати 17 даста аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Дар маросими кушоиши мусобиқа варзишгаронро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма ва раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон Нуруллоҳ Лоиқов муборакбод гуфтанд.

Паҳлавонони шаҳри Душанбе, шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ - Ҷамшед Халилов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг, Фаррух Собиров (то 66 кг), Сӯҳроб Раҳимов (то 73 кг), Шералӣ Бозоров (то 81 кг), Парвиз Собиров (то 90 кг), Муҳаммад Абдураҳмонов (то 100 кг) ва Шавкат Иқболов ( + 100 кг) ба медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони дзюдои Тоҷикистон даст ёфтанд.

Узви дастаи вилояти Хатлон Фурқат Назриев дар вазни мутлақ ҷойи аввалро касб карда, бо медали тилло мукофотонида шуд.
Сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Носир Бозоров ба Радиои Озодӣ гуфт: «Қаҳрамонони нави дзюдои Тоҷикистон, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохил шуданд, шарафи варзиши тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ҳимоя хоҳанд кард. Дар айни ҳол мо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки ахири моҳи майи соли ҷорӣ дар Тайван баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинем».
XS
SM
MD
LG