Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масеҳиён Иди Фусҳоро таҷлил карданд


Масеҳиёни ортодокс дар саросари ҷаҳон дирӯз Иди Фусҳоро таҷлил карданд, ки ёдоварӣ аз рӯзи эҳёи паёмбар Исои Масеҳ баъд аз се рӯзи ба салиб кашиданаш мебошад. Дар шаҳри Маскав дар маросими ниёиш, ки ба раҳбарии Усқуфи Аъзами Русия Кирил сурат гирифт, Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳур ва Владимир Путин – нахуствазири Русия ширкат доштанд. Баъди ин маросим, Усқуфи Аъзами Русия ба телевизиони Вести гуфт, кишварҳои ғарбӣ дучори бӯҳрони азими рӯҳонӣ шудаанд. Масеҳиёни ортодокси юнонӣ, арманиҳо ва дигар масеҳиёни шарқӣ Иди Фусҳоро бар асоси тақвимҳои худ ва дар рӯзҳои мухталиф таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG