Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози нишасти баҳсбарангези СММ


Имрӯз дар шаҳри Женева конфронси Созмони Милал зидди нажодпарастӣ ифтитоҳ мешавад, ҳарчанд бисёре аз кишварҳои ғарбӣ аз ширкат дар он даст кашидаанд, чаро ки метарсанд, дар ин ҳамоиш Исроил ноодилона танқид хоҳад шуд. Амрико, рӯзи шанбе бо зикри “баҳсбарангез” будани матни ниҳоии эъломияи нишаст, эълом кард, ки аз ширкат дар ҳамоиш даст мекашад. Рӯзи якшанбе Австралия ва Ҳолланд ҳам ба Амрико пайравӣ карданд ва интизор меравад, Олмон ва Итолиё ҳам чунин кунанд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ба мисли Дидбони Ҳуқуқи Башар аз раҳбарони аврупоӣ хостааст, то дар ҳамоиши зидди нажодпарастии Созмони Милал ширкат варзида ва барои пешгирӣ аз ҳамлаҳо дар заминаи нафрат ба миллати ғайр садо баланд кунанд. Попи Рум гуфт, ин ҳамоиш як фурсати муҳиме барои мубориза бо нажодпарастӣ аст.
XS
SM
MD
LG