Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Афғонистон бештар мешавад


Афғонистон қасд дорад, то интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи август теъдоди пулиси ин кишварро 15 ҳазор нафари дигар афзоиш диҳад. Дар сафи нерӯҳои пулис Афғонистон ҳоло 82 ҳазор нафар хидмат мекунанд. Муҳаммадҳаниф Атмар – вазири умури дохилаи Афғонистон, дирӯз гуфт, ин афзоиши теъдоди маъмурони пулис бо кӯмаки кишварҳои донор сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, афзоиши нерӯҳои пулиси Афғонистон бо стротежии раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама мувофиқ аст, ки мехоҳад барои муқобила бо тундравон дар Афғонистон нерӯҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар ин кишварро тақвият бахшад.
XS
SM
MD
LG